Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 ҳазор фирориён ба Қирғизистон баргаштанд


Чолпонбек Турузбеков, муовини раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон, субҳи рӯзи панҷшанбе ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки то имрӯз 70 ҳазор фирориёни ӯзбак ба вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод баргаштаанд. Ӯ афзуд, ки раванди бозгашти фирориён идома дорад.
Узви ҳукумати муваққатӣ ва кафили вазири дифоъи Қирғизистон Исмоил Исҳоқов рӯзи ҷаҳоршанбе дар шаҳри Ӯш бо фирориёни аз Ӯзбакистон баргашта мулоқот кард. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки фирориён хостаанд то дар ҷустуҷӯи пайвандонашон кумак кунанд ва ҳамчунин ҳамаи онҳоеро, ки хонаҳояшон сӯхтаву валангор шудаанд, бо хаймаҳо таъмин намояд.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ба думболи задухӯрдҳои миёни ӯзбакҳову қирғизҳо тақрибан 400 ҳазор нафар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободро тарка кардаанд.
XS
SM
MD
LG