Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар низоми андози Тоҷикистон ислоҳот анҷом мегирад


Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки барои идораи умури тиҷорат ва беҳбуди кор дар ин бахш дар низоми андозбандии худ тағироти густарда анҷом диҳад. Ҳадаф аз чунин ислоҳот самарбахшии фаъолияти хадамоти андози Тоҷикистон арзёбӣ шудааст. Ин тағирот дар зарфи панҷ соли оянда ба амал хоҳад омад. Киара Бронки-намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба матбуот гуфтааст, низоми нав пардохти молиётро ихтиёрӣ хоҳад кард ва фазои сармоягузориро мусоид хоҳад сохт. Бо вуҷуди ин, Бонки Ҷаҳонӣ бар ин ақида аст, ки бидуни кӯмакҳои моливу техникӣ анҷоми чунин ислоҳот дар низоми андози Тоҷикистон имконпазир нахоҳад буд. Барои чунин кор техникаву таҷҳизоти муосири ҷаҳонӣ зарур аст.
XS
SM
MD
LG