Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко дастури қатъи газ ба Аврупоро содир кард


Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус дастур дод, ки транзити гази Русияро ба Аврупо бибанданд. Ин дар ҳолест, ки Русия барои пардохт накардани ҳақи газ ба Русия сеяки интиқоли газ ба Беларусро қатъ кард. Лукашенко ин тасмими худро дар мулоқот бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар Минск изҳор дошт. Лукашенко дар мулоқот гуфтааст, ки баҳси газ бо Русия ба "ҷанги газ" мубаддал шудааст. Қабл аз ин имрӯз ширкати "Газпром"-и Русия эълон кард, ки маҳдудияти интиқоли газ ба Беларусро ба 30 дарсад мерасонад, зеро Беларус барои пардохти қарзҳои худ тасмиме нагирифтааст. Ин қарзҳо тақрибан 200 миллион доллар шумурда шудааст.

XS
SM
MD
LG