Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои вазир барои камбуди барқ дар Ироқ


Кобинаи вазирони Ироқ истеъфои Карим Воҳид-вазири барқи ин кишварро баррасӣ мекунад. Вай дар ҳоле аз ин мақом истеъфо додааст, ки дар хиёбонҳо ба сабаби камбуди нируи барқ тазоҳуроти эътирозӣ идома дорад. Имрӯз ҳазорон нафар дар шаҳри Карбало ба сабаби камбуди нируи барқ ба тазоҳурот баромаданд. Қаблан дар шаҳрҳои Басра ва Носирия низ ин гуна тазоҳурот анҷом гирифта буд ва миёни тазоҳуркунандагон ва пулис задухӯрд ҳам рух дод. Рӯзи шанбе, 19-ӯми июн дар шаҳри Басра дар ҷараёни тазоҳурот ҳангоме, ки пулис ба сӯи тазоҳуркунадагон оташ кушод, 2 нафар кушта шуд. Карим Воҳид рӯзи душанбе ба телевизион рафт ва истеъфои худро эълон кард. Вале ҳукумат мегӯяд, тасмим дар бораи қабул ё радди истеъфо имрӯз эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG