Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди рӯҳониёни мусулмони Русия аз Ҷалолобод


Ҳайате аз Шӯрои муфтиёти Русия барои кӯмак ба эътидоли авзоъ дар ҷануби Қирғизистон имрӯз ба шаҳри Ҷалолобод сафар кардааст. Онҳо дар ин ҷо бо аҳолии маҳаллӣ мулоқот карда, аз онҳо хостаанд, ба эҳтироми арзишҳои ягонаи исломии худ даст аз хушунат боздоранд ва роҳи оштиву ҳамзистиро дар пеш бигиранд. Намояндагони ҳукумати муваққати Қирғизистон, ки ин ҳайатро ҳамроҳӣ мекунанд, мегӯянд, вазъият дар Ҷалолобод ором аст. Дар ҳамин ҳол иҷрокунандаи вазифаи вазири адлияи Қирғизистон, Оида Салянова гуфтааст, назархоҳии умумии қонуни асосии нав ба гунае, ки тарҳрезӣ шуда буд, 27-уми июн дар ҳамаи манотиқи кишвар, аз ҷумла Уш ва Ҷалолобод баргузор хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG