Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон қонуни нави интихоботро тасвиб кард


Порлумони Озарбойҷон қонуни баҳсбарангези интихоботро қабул кард, ки тарҳи он аз тарафи аҳзоби мухолиф ва созмонҳои байналмилалӣ башиддат интиқод шудааст. Бар асоси ин санад, замони маъракаи тарғиботӣ дар интихоботҳои Озарбойҷон аз 75 рӯз то 60 рӯз кам карда шуд. Ин қонун ҳамчунин намегузорад, то довталабони ширкат дар интихобот пеш аз сабти номи расмӣ маъракаи тарғиботӣ пеш баранд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Озарбойҷон, қонуни нави интихобот беҳтар аст, зеро раъйдиҳандагон мӯддати тӯлонӣ дар мавриди интихоб андеша нахоҳанд кард. Ба гуфтаи мухолифин ва созмонҳои байналмилалӣ, аз онҷо ки матбуот дар Озарбойҷон озод нест, афкори мухталифро дар муддати кӯтоҳ наметавон ба мардум расонд.
XS
SM
MD
LG