Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистонро лағв кард


Геннадий Онишенко-раиси хадамоти беҳдоштии Русия дастур додааст, ки аз имрӯз манъи воридоти меваҳои хушки Тоҷикистон ба Русияро аз миён бардоранд. Бино ба хабари "Роспотребнадзор"-и Русия вазъи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати маъмулӣ баргаштааст. Дар санади мунташираи "Роспотребнадзор" омадааст, "Бино ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати оддӣ баргаштааст. Дар ин бора нашрияи "Новие Известия" хабар додааст.
XS
SM
MD
LG