Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз ташаннуҷи вазъ дар Қирғизистон


Салиби Сурхи Байналмиллалӣ ҳушдор дод, ки баъд аз чанд рӯзи даргирӣ миёни аҳолии қирғиз ва узбактабори ин кишвар вазъи башарӣ дар ҷануби Қирғизистон мутташанниҷ шудааст. Дар ҳамин ҳол, гузориш мерасад, ки Русия барои ҳимоят аз низомиён ва техникаи худ дар пойгоҳи низомиаш дар Кант 150 чатрбози худро фиристодааст. Аммо Маскав гуфтааст, ба нақша нагирифтааст, ки нируҳояшро барои барқарории суботи вазъ дар ҷануби Қирғизистон сафарбар кунад. Вазорати беҳдошти Қирғизистон гузориш додааст, ки дар ҳодисаҳои се рӯзи гузашта дар Ӯш 92 нафар ва дар Ҷалолобод 21 нафар кушта шудаанд. Бештар аз 1 400 нафари дигар дар задухӯрдҳо маҷрӯҳ шудаанд. Даҳҳо ҳазор аҳолии узбактабор маҳаллоти зисти худро тарк ва аз Қирғизистон фирор мекунанд. Бино ба хабарҳо аҳолии маҳалии қирғизтабор онҳоро ба қатл мерасонанд ва хонаҳояшонро оташ мезананд. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомоти расмӣ барои муттаваққиф сохтани нооромиҳо тадобири кофии мушаххас намеандешанд. Дар изҳороти Салиби Сурхи Байналмиллалӣ дар Қирғизистон омадааст, кормандони онҳо дар Ӯш дидаанд, ки дар қабристони Ӯш тақрибан 100 нафарро ба хок супурдаанд ва барои шиносоии онҳо коре намекунанд, ки он нигарониҳоро ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG