Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев даст доштанаш дар ошӯбҳоро радд кард


Раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ҳар навъ даст доштанаш дар низоъҳои ахири қавмӣ дар ҷануби ин кишварро, ки дастикам 80 кушта ва беш аз 1000 ӯахмӣ ба ҷо гузошт, радд кард. Боқиев дар изҳороташ гузоришҳои нашршуда дар бораи даст доштани ӯ дар ин ҳаводисро “дурӯғи бешармона” ва ҳукумати муваққатро, ки ӯро дар моҳи апрел аз қудрат барканор карда буд, масъули ин ошӯбҳо унвон кард.
Боқиев, ки зодаи ҷануби феълан ошӯбзадаи Қирғизистон аст, дар пайи барканориаш дар Беларус паноҳ бурдааст.
XS
SM
MD
LG