Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон кӯмаки ISI ба Толибонро радд мекунад


Сухангӯи артиши Покистон генерал Атҳар Аббос гузориши Мактаби иқтисодии Лондонро, ки мегӯяд, кӯмаки калидиро ба ҷангиёни толиб дар Афғонистон Хадамоти иктишофии Покистон, ISI, мерасонад, “бадхоҳона” ва бебунёд номид. Гузориши имрӯзаи ин донишгоҳи мӯътабар мегӯяд, ISI Толибонро таъмини моливу тамрин ва паноҳгоҳ медиҳад. Атҳар Аббос аммо ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, талафоти дар ҷанг алайҳи террор додаи артиши Покистон ва ISI “худ гӯяндаи ҳоли онҳост”.
XS
SM
MD
LG