Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳамла ба посгоҳи пулис дар Доғистон


Шаби гузашта бар асари як ҳамла дар ҷумҳурии мухтори Доғистон, дар ҷануби Русия, 2 афсари пулис кушта ва якеи дигар захмӣ шуд. Вазорати умури дохилаи Доғистон гуфт, силоҳбадастон ба як посгоҳи пулис дар шаҳри Дарбанд ҳамла овардаанд. Пулис феълан ба ҷустуҷӯи ҳамлагарон пардохтааст. Доғистон, воқеъ дар минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолии Русия ва дар ҳамсоягии Ингушистону Чеченистон, дар ин авохир ба мавҷи ҳамалот алайҳи мақомоти амниятӣ рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG