Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷунбиши сабз ба муборизааш идома хоҳад дод


Ҷунбиши мухолифини Эрон гуфтааст, бо вуҷуди ҳушдори мақомот алайҳи баргузории намоишҳои эътирозӣ дар солгарди нахустини интихоботи пурбаҳси раёсати ин ҷумҳурӣ, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро ба давраи дуввуми раёсат расонд, ба муборизаи худ идома хоҳад дод. Раҳбари мухолифин Мирҳусейн Мӯсавӣ дар баёнияе гуфтааст, ки онҳо ба шеваи мусолиматомези мубориза давом медиҳанд. Бино ба хабарҳо, рӯзи шанбе, дар солгарди интихобот, ки ба мавҷи эътирозҳо дар Эрон оғоз гузошт, ягон тазоҳуроти эътирозие доир нашудааст. Ин хомӯшӣ дар пайи тасмими ду раҳбари умдаи мухолифин Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ ҷиҳати лағви гирдиҳамоиҳои барои рӯзи 12 июн барномарезишуда аст. Мақомоти Эрон қаблан ҳушдор доданд, ки ҳар навъ эътирозро саркӯб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG