Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 коргари сохтмон дар вилояти Пактико кушта шуданд


Мақомоти афғон мегӯянд, ки ҷангиёни толиб дар шарқи Афғонистон 4 коргари сохтмонро қатл кардаанд. Вазорати умури дохила гуфт, ин 4 коргари афғон рӯзи ҷумъа дар вилояти Пактико дар роҳи бозгашт ба манзилҳояшон кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, як мақоми беҳдоштӣ дар вилояти Ғазнӣ гуфт, беш аз 40 духтар бо аломати заҳролудшавӣ дар мактаб бистарӣ шудаанд. Қаблан чунин мавориди заҳролудшавии толибилмон дар макотиби дигари Афғонистон низ мушоҳида шуда буд. Гумон меравад, ки ин кори дасти ҷангиёнест, ки мухолифи ба таҳсил фаро гирифтани духтаронанд.
XS
SM
MD
LG