Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз соати 17 бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол оғоз мешавад


Имрӯз дар ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷоми Ҷаҳонии Футбол оғоз мешавад. Нахустин бозӣ дар Ҷоҳаннесбург-пойтахти ин кишвар миёни мизбонони Ҷоми Ҷаҳонӣ ва дастаи Мексика аз гурӯҳи А анҷом мегирад. Бозиҳои қаҳрамонии футболи ҷаҳон як моҳ давом хоҳад кард. Дар оғози нахустин бозӣ ду соат маросими гушоиши бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ дар назар аст ва он соати 17-и вақти Тоҷикистон оғоз мешавад. Дуруст соати 19 ба вақти Тоҷикистон нахустин бозӣ оғоз меёбад. Имрӯз ҳамчунин дар гурӯҳи А дастаҳои Фаронса ва Уругвай дар шаҳри Кейптавн бозӣ мекунанд. Шоми панҷшанбе дар як консерт ба муносибати оғози бозиҳо Якоб Зума-раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ гуфт, баргузории бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол гувоҳӣ медиҳад, ки кишвари вай метавонад ҳар тадбири муҳиму бузарги байналмиллалиро анҷом диҳад:

"Африқои Ҷанубӣ бисёр хушҳол аст, ки мизбони бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар соли 2010 мебошад".


Дар ин бозиҳо дастаҳои мунтахаби 32 кишвар, аз ҷумла Италия-қаҳрамони кунунӣ ва мизбонони бозиҳо дар 8 гурӯҳ бозӣ мекунанд. Коршиносон тахмин мезананд, ки дастаҳои Испанияву Бразилия ва Аргентина муддаъии унвони қаҳрамони футболи ҷаҳон мебошанд.

XS
SM
MD
LG