Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори тарсноки дигар аз фалокати нафтӣ дар Амрико


Ба тахмини донишмандони Амрико, аз чоҳи рахнашудаи нафт дар Халиҷи Мексика назар ба ончӣ ки тассавур мешуд, нафти зиёд хориҷ мешавад. Марсиа Макнат, мудири Пажӯҳигоҳи геологии Амрико, эълом кард, аз чоҳи нафти мутааллиқ ба ширкати "Бритиш Петролиум" рӯзона шояд, 40 ҳазор бушка нафт ба дарё мерезад, на аз 12 ё 19 ҳазор бӯшка нафт, ки аввали моҳ пешбинӣ мешуд. Ширкати мазкур рӯзи сеюми июн тавонист, бо насби кулоҳакҳои махсус ба сари чоҳи рахнашуда бахше аз нафтро ба берун кашад. Адмирал, Тед Аллен, ки корҳои рафъи паёмадҳои ин фалокати бадтарини нафтӣ дар Амрикоро сарпарастӣ мекунад, гуфт, кулоҳаки гузошташуда рӯзи чаҳоршанбе 15 ҳазор бӯшка нафтро ба берун кашидааст.
XS
SM
MD
LG