Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони СҲШ шартҳои қабул ба созмонро баррасӣ мекунанд


Дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Тошканд тарҳи шартҳои қабули аъзои нав ба ин созмон баҳсу баррасӣ хоҳад шуд. Сергей Приходко, ёвари раисиҷумҳури Русия, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки тибқи тарҳи пешниҳодшуда, дари Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба рӯи ҳамаи кишвари авруосиёие боз аст, ки таҳти таҳримҳои СММ қарор надоранд ва бо кишваре вориди ҷанг нестанд. Ин кишварҳо бояд бо ҳамаи аъзои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой робитаҳои дипломатӣ ва ҳамчунин мақоми нозири созмонро дошта бошанд.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар долонҳои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд бо Ҳу Ҷин Тао, раиси Ҷумҳурии халқии Чин, мулоқот кард. Қарор аст, ки ӯ бо дигар ҳамтоёнаш, аз ҷумла, раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов ҳам мулоқот кунад.
Дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой масоили марбут ба таъмини амният ва авзоъ дар Афғонистон ва Қирғизистон баҳсу баррасӣ мешавад. Қарор аст, ки дар ҷаласаи хотимавӣ Ҳомид Карзай ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, сарони Афғонистон ва Туркманистон, кишварҳои нозир дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ширкат кунанд.
Ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Русия. Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG