Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли ҲНИТ барои як сол маҳкум ба зиндон шуд


Додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов, як тан аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломро, барои як сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, Бурҳонов дар фишор болои аъзои комиссиюни ҳавзаи интихоботӣ замони раъйдиҳӣ дар интихобот ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар рӯзи 27 феврали соли равон айбдор мешуд. Ӯро ҳамчунин дар тақаллуби варақаҳои раъйдиҳӣ ва барангехтани адовати қавмиву мазҳабӣ низ гумонбар медонистанд.
Аммо додгоҳ фаъоли Ҳизби наҳзати исломро фақат дар он айбдор намуд, ки дар интихобот ба ҷойи аҳли хонаводааш раъй додааст. Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов рӯзи 27 марти соли равон аз сӯи кормандони милиса боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG