Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оғоз мешавад


Имрӯз дар шаҳри Тошканд, нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шурӯъ мешавад. Дар ин ҳамоиши дурӯза, сарони Тоҷикистону Қазоқистон, Чину Русия ва Ӯзбакистону Қирғизистон ширкат мекунанд. Бино ба гузоришҳо масъалаи тавсиъаи ин созмони минтақавии амниятӣ бо ҳузури Покистону Ҳиндустон ва дигар аъзои эҳтимолии нав баррасӣ мешавад. Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбаки худ Ислом Каримов дар ҳошияи ин нишаст мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG