Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раисиҷумҳури Чин ба Узбакистон ва Қазоқистон


Раисиҷумҳури Чин, Ҳу Ҷинтао, имрӯз сафараш ба Осиёи Марказиро оғоз мекунад. Қарор аст, дар ин сафар вай аз Узбакистон ва Қазоқистон боздид кунад. Ҳарду кишвар дар тарҳҳои энержии Чин ҷойгоҳи калидӣ доранд. Лулаи гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз қаламрави Узбакистон ва Қазоқистон мегузарад. Дар расми ифтитоҳи ин лӯла дар моҳи декабри соли гузашта раисиҷумҳури Чин гуфта буд, аз интиқоли гази Осиёи Марказӣ ба Чин тамоми минтақа баҳравар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG