Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо салоҳиятҳои Евростатро васеъ кард


Вазирони дороии Иттиҳодияи Аврупо ба хотири таҳқиқи дурустии омори хароҷоти давлатии кишварҳои узв, салоҳиятҳои идораи омори иттиҳодияи мазкурро васеътар карданд. Тавофуқ дар замина рӯзи сешанбе дар Люксембург ҳосил шуд ва ҳадаф аз он роҳ надодан ба такрори қазияи Юнон аст, ки бо ироаи гузоришҳои нодурусти молӣ ба Иттиҳодияи Аврупо, боиси бӯҳрони қарзӣ дар чанд кишвари узв шуд. Аз ин баъд Евростат, ҳаққи тафтиши омори ироашудаи молии кишварҳои узвро соҳиб мешавад. Ҳоло Иттиҳодияи Аврупо аз омори иқтисодии ироакардаи Булғористон нигарон шуда ва мехоҳад гурӯҳи ҳақиқатёберо ба он кишвар бифристад.
XS
SM
MD
LG