Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як бонки бузурги Қирғизистон миллӣ мешавад


Роза Отунбоева, раҳбари давлати муваққати Қирғизистон, бо имзои фармоне, яке аз бузургтарин бонкҳои кишварро миллӣ эълом кард. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, “АзияЮниверсалБанк” аз сӯи тоҷир Михайил Надел ва Максим Боқиев, писари раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон идора мешуд. Ба гуфтаи давлати муваққат, миллӣ кардани бонки мазкур ба хотири таъмини суботи низоми бонкӣ дар кишвар будааст. Азимбек Бекназаров муовини раҳбари давлати муваққат мегӯяд:" Михайил Надел, раҳбари шӯрои мудирони бонк ҳоло мавриди таъқиб қарор дорад, куҷо буданаш маълум нест. Ӯро Кумитаи Амнияти Миллӣ ва додситонӣ ҷустӯҷу доранд. Ӯ 66 дар сади саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр дорад ва пеш аз он ки онҳоро ба номи фарди дигаре гузаронад мо бонкро миллӣ мекунем." Давлати муваққати Қирғизистон рӯзи 7 апрел баъди шӯридани мардум ба зидди ҳукумати Қурмонбек Боқиев сари қудрат омад.
XS
SM
MD
LG