Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои дарёии Исроил 4 шӯриширо дар Ғаза куштанд


Низомиёни Исроил мегӯянд, имрӯз нируҳои дарёии онҳо дар берун аз обҳои Навори Ғаза тирандозӣ кардаанд ва дар он 4 шӯришӣ кушта шудаанд. Йигал Палмор-як мақоми вазорати корҳои хориҷаи Исроил ба матбуот гуфт:

"Ҳодисаи ин субҳ, ки 5 террорист мехостанд аз роҳҳои обӣ ба Исроил таҷовуз кунанд, нишонаи он аст, ки дар Навори Ғаза зери муқаррароти террористии Ҳамос чӣ мегузарад. Он ба пойгоҳе барои ҳамла ба Исроил табдил шудааст. Ҳамос ин корро хеле ошкор анҷом медиҳад. Онҳо мегӯянд, ҳар вақт, ки тавонанд ҳамла мекунанд".

Дар ҳамин ҳол сухангӯи низомии Исроил гуфт, нируҳои дарёӣ" як гурӯҳи террористҳоро кашф кардаанд, ки либоси ғаввосӣ дар тан доштаанд ва мехостаанд амали терроистӣ анҷом диҳанд". Шоҳидони айнӣ таъйид кардаанд, ки ҳамаи афроди кушташуда дар тан либоси ғаввосӣ доштаанд. Бригадаи ҷонбозони ал Ақсо, ки ҷиноҳи мусаллаҳи Ҷунбиши Фатаҳи Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин мебошад, дар як паём ба матбуот навиштааст, ин 4 нафари кушташуда аъзои нируҳои дарёӣ ва машғули машқ будаанд.
XS
SM
MD
LG