Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи Тоҷик" натиҷаҳои ду аудиташро нашр кардааст


Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” натиҷаҳои ду тафтиши мустақили фаъолиятҳои молии ин ширкатро нашр кардааст, ки дар онҳо намунаҳое аз номутобиқатии ҳисоботи молии ширкат зикр шудааст. Таҳқиқи фаъолиятҳои молии “Барқи Тоҷик” дар соли 2007 ва 2008-ро ширкати мустақили русии "Марка Аудит" анҷом додааст ва мегӯяд, баъзе аз ҳисоботҳои молии “Барқи Тоҷик” мувофиқ ба меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ нест ва бинобар ҳамин наметавон, ба амалиётҳои молии ширкат баҳои дуруст дод. Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузашта чандин нафар аз кормандони “Барқи Тоҷик”- ро бо иттиҳоми фасоди молӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд. Натиҷаҳои аудит дар вебсайти ширкати “Барқи Тоҷик” нашр шудааст.
XS
SM
MD
LG