Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ низомии НАТО дар Афғонистон


Рӯзи якшанбе дар Афғонистон панҷ низомии нерӯҳои байнулмилалӣ ба ҳалокат расиданд. Дар ҷануби кишвар се низомии амрикоӣ дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтанд. Як сарбози дигар бар асари таркиши бомби худсоз кушта шуд. Низомии панҷум, ки дар бораи ҳуввияташ иттилоъ дода нашудааст, бар асари ҳамлаи мухолифин дар шарқи Афғонистон, ба ҳалокат расид.
Низомиёни Испания иттилоъ доданд, ки ду низомии кишвар дар шимолу ғарби Афғонистон маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти Афғонистон дар бораи бар асари таркишу ҳамлаҳо ба ҳалокат расидани чаҳор корманди полис ва ду сокини осоишта хабар доданд.
XS
SM
MD
LG