Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои ду мақоми аршади амниятии Афғонистон


Имрӯз вазири умури дохилаи Афғонистон Ҳаниф Атмар ва раиси Хадамоти амнияти миллии кишвар Амрулло Солеҳ ба истеъфо рафтанд. Ба иттилоъи дафтари раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай аз ташреҳи ин ду масъули амният дар робита ба мушакборони Кобул дар рӯзи аввали Ҷиргаи сулҳ қонеъ нашудааст.
Рӯзи 2 июн, замоне, ки Карзай дар ифтитоҳи Ҷиргаи сулҳ суханронӣ мекард, дар наздикиҳои мақари Ҷирга 4 мушак инфиҷор шуд. Ва аммо дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.
XS
SM
MD
LG