Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захм хӯрдани афсари милиса дар Майхӯра тасдиқ шуд


Бо гузашти як рӯз аз хабари даргирӣ дар посгоҳи Майхӯра, мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъйид кард, ки дар ин минтақа дар ҷараёни амалиёти саросарии “Кӯкнор-2010” як корманди раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ин вазорат ҷароҳат бардоштааст.
Гуфта мешавад, маъмурони милиса дар ин посгоҳ як мошини навъи “Опел-Вектра”-ро манъ мекунанд, вале ҳангоми тафтиши дохили он, ронанда ва мусофирони “Опел” ба сӯи маъмури милиса Баҳром Солиев тир кушода, фирор мекунанд.
Аз дохили мошин як туфангчаи “Валтер” кашф шудааст.
XS
SM
MD
LG