Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев намехоҳад "пешвои миллат" бошад


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, қонун дар бораи “пешвои миллат” эълон шудани худро рад кард. Ин қонун қаблан аз сӯи парлумони кишвар тасвиб шуда буд. Зимни суханронӣ аз тариқи телевизион, Назарбоев изҳор намуд, ки ибтикори парлумонро чун эътимоди мардум ба сарвари кишвар арзёбӣ мекунад аммо ба гуфтаи ӯ, ин унвон набояд ба ҳукми қонун ворид шавад.
Тибқи санади тасвибшуда, “пешвои миллат” мавриди таъқиби додгоҳӣ қарор намегирад ва ҳамчунин дахлнопазирии молу амволи ӯву аъзои хонаводааш таъмин карда мешавад.
XS
SM
MD
LG