Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ шоҳидони ҳамла дар Ставрополро меҷӯяд


Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ изҳор намуд, ки ду шоҳиди ҳамлаи террористӣ дар канори Кохи фарҳанги шаҳри Ставрополро ҷустуҷӯ дорад. Гуфта мешавад, ки онҳо мардони синнашон то 30-солаанд. Ҷузъиёти дигар дар бораи ин шоҳидони эҳтимолӣ ироа нашудааст. Аз ин пеш Кумитаи тафтишоти Додситонии кулли Русия эълом дошт, ки дар робита ба ин ҳамлаи террористӣ се зан мавриди кофтукоб қарор доранд.
Таркиш дар назди бинои Кохи фарҳанги Ставропол рӯзи 26 май, чанд лаҳза пеш аз оғози консерти дастаи рақсии Чеченистон, ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ҳодиса 8 кас ба ҳалокат расиданд, 26 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун таҳти назорати табибон дар бемористон қарор доранд. Вазъи чаҳор нафари онҳо сангин арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG