Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Довутоғлу ва Барзонӣ дар Анқара


Дар Анқара музокироти вазири умури хориҷаи Туркия Аҳмад Довудоғлу ва раҳбари курдҳои Ироқ Масъуди Барзонӣ идома дорад. Онҳо чанд мавзӯъи доғ, аз ҷумла, ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои ҷудоихоҳон аз Ҳизби коргарии Курдистон ба қаламрави Туркияро баррасӣ мекунанд. Қароргоҳҳои мусаллаҳони курд дар шимоли Ироқ ҷойгир аст. Ду ҳафта пеш нерӯҳои ҳавоии Туркия густардатарин ҳамлаи ҳавоии худ ба мавқеъҳои ҷудоихоҳони курд дар шимоли Ироқро ба роҳ монданд. Барои ин амалиёт бори аввал тақрибан 20 ҳавопаймои низомӣ сафарбар шуда буд.
Бар асари талошҳои мусаллаҳонаи курдҳо барои таъсиси давлати мустақили Курдистон дар ҷанубу шарқи Туркия дар 35 соли ахир тақрибан 45 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG