Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Ҷамбул


Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки мақомоти Узбакистон таҳти пайгард қарораш додаанд, дар ҷануби Қазоқистон боздошт шудааст. Виталий Пономарёв, намояндаи “Мемориал”, як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар дар Маскав гуфт, Умаралӣ Абдураҳмоновро дар шаҳри Тароз, Ҷамбули собиқ, ҳанӯз рӯзи 21 май дастгир кардаанд. Аммо ин хабар аз сӯи мақомоти расмии Қазоқистон то ҳол таъйид ё радд нашудааст.
Аммо Руслан Холидов, як вакили мудофеъ аз Дафтари ҳуқуқи башари Қазоқистон дар Тароз гуфт, Умаралӣ Абдураҳмонов феълан дар боздоштгоҳи ноҳияи Мерке, дар ҷануби вилояти Ҷамбул таҳти боздошт қарор дорад ва бояд рӯзи 5 июн ба боздоштгоҳи Тароз мунтақил шавад. Ӯ афзуд, ки Абдураҳмонов расман аз мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагии сиёсӣ кардааст. Тошканд ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъи мазҳабӣ айбдор мекунад. Ӯ дар пайи ҳамлаҳои моҳи марти соли 2004 дар Тошканд таҳти пайгарди мақомоти Узбакистон қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG