Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои беҳдоштии Амрико ба Тоҷикистон


Сафоратхонаи Амрико дар Душанбе эълон кардааст, ки ҳукумати кишвараш барои мубориза бар зидди бемории полиомелит ё фалаҷи кӯдак дар Тоҷикистон 250 000 ҳазор доллар кӯмак мекунад. Ҳоло дар Тоҷикистон бо кӯмаки ЮНИСЕФ, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт марҳалаи севвуми ваксинзании кӯдакони то 5-сола ва наврасони то 15-сола идома дорад. 5-ӯми маи соли ҷорӣ ЮСАИД ба созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 100 000 доллар интиқол дод, то дар Тоҷикистон ваксинзанӣ анҷом бигирад. Аз соли 1992 ба ин сӯ мардуми Амрико тавассути сафорати Амрико дар Душанбе барои барномаҳои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG