Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илёс Каримов-шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст


Бино ба иттилои вазорати дохилаи Афғонистон, пулиси ин кишвар се тан аз террористҳои хориҷиро бо номҳои Хаёл Ҷамол-шаҳрванди Покистон, Илёс Каримов-шаҳрванди Тоҷикистон ва Кодиф Наил машҳур бо номи Аҳмад-шаҳрванди Русия дар Кобул боздошт кардааст. Бино ба ин хабар, ин афрод барои анҷоми фаъолиятҳои террористӣ вориди Кобул шудаанд. Онҳо дар Вазиристони шимолӣ дар хоки Покистон тамрини тактикӣ ва террористӣ дидаанд. То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи шахсияти Илёс Каримов-шаҳрванди Тоҷикистон вокуниши расмӣ нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG