Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занги охир дар ҳамаи 3810 мактаби Тоҷикистон


Дирӯз, 1 июн дар ҳамаи 3810 мактаби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон барои тақрибан 1 миллиону 700 ҳазор хонандагони ин макотиб занги охир садо дод. Бо анҷоми ин маросим соли таҳсил дар макотиби миёнаи Тоҷикистон расман ба поён расид. Аммо барои хатмкунандагон мавсими имтиҳоноти давлатӣ то 16 июн идома хоҳад кард.
Имсол бо дастури вазири маорифи Тоҷикистон, баргузориии шабнишиниҳои бахшида ба хатми соли таҳсил дар макотиб комилан манъ шуда, маросими занги охир, ки бо номи “занги камолот” низ маъруф аст, бо 1 соат маҳдуд шуда буд.
XS
SM
MD
LG