Ба думболи зиндонӣ кардани як омӯзгори мактаби бачагонаи махсуси Ереван пойтахти Арманистон, мудири ин мактаб аз мақомаш барканор кардаанд. Як ҳафта пеш аз ин додгоҳи шаҳри Ереван, Левон Авагиёнро омӯзгори мактаби махсусро бо гуноҳи бадрафторӣ бо сӯистифодаи ҷинсии духтарони ин мактаб ба ду соли зиндон маҳкум кард. Меруҷан Янгибариён, мудири мактабро, вазири илм ва маорифи Арманистон бо қарори махсуси хеш аз мақомаш барканор кардааст. Бадрафторӣ бо духтарон дар мактаби махсусро гурӯҳе аз ҷавонони фаъол, ки довталабона ба мактаб кӯмак мекарданд, ошкор намудаанд.