Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози даври севвуми маъракаи эмкунӣ аз полио


Имрӯз дар Тоҷикистон даври севвуми маъракаи саросарии эмкунӣ аз бемории сироятии полиомелит, ё фалаҷи кӯдак оғоз мешавад. Тайи ду даври боқимондаи ин маърака, ки мутаносибан аз 1 то 5 июн ва аз 15 то 19 июн давом хоҳад кард, воксин задани атфоли то 15-сола дар назар дошта шудааст. Ба ин манзур ахиран ба Тоҷикистон 6 миллион 400 ҳазор воксини зидди полиомелит ворид карда шуд. Дар моҳи май дар Тоҷикистон алакай беш аз 1 миллион кӯдаки то синни 6 аз фалаҷи кӯдак эм гирифтанд. Бурузи ин беморӣ боиси эҷоди маҳдудиятҳо дар роҳи равуои шаҳрвандони хурдсоли Тоҷикистон ба як идда аз кишварҳои минтақа, бо шумули Русия, ва ҳам дар роҳи содироти меваи хушк аз Тоҷикистон шудааст.
XS
SM
MD
LG