Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори таассуфи Амрико аз ҳалокати афрод


Амрико аз марги фоҷиавии афрод дар ҷараёни амалиёти дирӯзаи нирӯҳои вижаи Исроил алайҳи корвони киштиҳое, ки ба сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза кӯмак мебурд, изҳори таассуфи амиқ карда, аз давлати Исроил хостори таҳқиқи фарогир ва қобили боварии ин қазия шудааст.
Филлип Кровлӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияаш гуфтааст, ин ҳодиса низ ба зарурати зуд аз сар гирифтани музокироти сулҳи Ховари Миёна таъкид мекунад.
Дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои вижаи Исроил алайҳи 6 киштии ҳомили кӯмакҳо дар баҳри Миёназамин дастикам 9 нафар кушта ва то 50 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ин қазия мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалиро ба бор овард. Туркия, аз камшумор муттаҳидини Исроил дар ҷаҳони Ислом, ҳамлаи дирӯзаро ҳатто “терроризми давлатӣ” номид.
Шӯрои Амнияти СММ низ феълан ба баҳси ин бӯҳрон шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG