Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили ҳукумати нав дар ҷумҳурии Чех оғоз шудааст


Васлав Клаус-раиси ҷумҳури Чех дар бораи ташкили кобинаи нави ҳукумат имрӯз ба музокира шурӯъ кардааст. Рӯзҳои шанбеву якшанбе дар ин кишвар интихоботи порламонӣ баргузор шуд. Бисёре аз таҳлилгарони сиёсӣ мегӯянд, ки эътилофи марказгароҳои рост иборат аз Ҳизби Демократҳои Шаҳрвандӣ ва ду ҳизби хурдтари дигар, яъне Ҳизби Топ 09 ва Ҳизби Умури Иҷтимоӣ мумкин аст ҳукуматро ташкил кунанд, зеро онҳо дар маҷмӯъ аз 200 курсии порламон 118 курсиро ба даст овардаанд. Ин эътилоф бо аксарияти оро метавонад дар порламон ба роҳатӣ фаъолият кунад.
XS
SM
MD
LG