Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарстрасӣ ба Facebook дар Бангладеш ғайримумкин шуд


Мақомоти Бангладеш дастрасӣ ба сомонаи иҷтимоии Facebook-ро номумкин сохтанд. Сабаби ин тасмим – дар ин сомонаи интернетӣ пайдо шудани тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо ва тасвирҳои “таҳқиромез”-и сиёсатмадорони маҳаллӣ арзёбӣ шудаааст. Ҳасан Маҳмуд Диловар, раиси комиссиюни танзими мухобироти Бангладеш, изҳор намуд, ки Facebook ҳиссиёти мазҳабии мардуми кишварро, ки теъдоди бузургашон пайравони исломанд, таҳқир кардааст.
Аз ин пеш як додгоҳи Покистон бо далели пайдо шудани тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дастрасӣ ба Facebook-ро то рӯзи 1 июн маҳдуд карда буд.
XS
SM
MD
LG