Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Тоҷикистон 6,3 миллион ваксин оварда шуд


Хабаргузории "Авеста" иттилоъ додааст, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва ЮНИСЕФ дар ин рӯзҳо 6,3 миллион ваксин ба Тоҷикистон оварда шудааст ва он барои ҷилавгирӣ аз бемории фалаҷи кӯдак ё полиомелит истифода мешавад. Бино ба гузориши ин манбаъ, вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин кишвар беш аз 2,5 миллион кӯдак ва наврасони то 16-сола барои ҷилавгирӣ аз бемории фалаҷи кӯдак ваксин зада мешаванд. Ваксинзанӣ дар Душанбе ва 7 ноҳияи наздикии он дар ду марҳала анҷом мегирад. Марҳалаи аввал аз 1 то 5-ӯми июн ва марҳалаи дуввум аз 15 то 19-ӯми июни соли 2010 анҷом мегирад.
XS
SM
MD
LG