Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF: Тоҷикистон аудити Талкоро нашр намекунад


Сандуқи байнулмилалии Пул (IMF) аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон то ҳанӯз натиҷаҳои бозрасии ширкати алюмини тоҷик -- Талкоро мунташир накардааст. Ин бозрасӣ аз ҷониби як ширкати аудитии бритониёӣ бо номи "Мур Стефенс" ҳанӯз соли гузашта анҷом шудааст. Сарвари намояндагии Сандуқи байнулмилалии Пул дар Тоҷикистон Лук Моерс ба хабарнигорон гуфтааст, бино бар тавофуқот бо ҳукумати Тоҷикистон натиҷаҳои бозрасӣ мебоист ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2009 ба нашр мерасиданд, аммо бо вуҷуди ду дафъа ёдрас кардани масъала, ҳукумати Тоҷикистон сукутро авло донистааст. Пас аз як моҷарои марбут ба қарзҳои Сандуқи байнулмилалии Пул Тоҷикистон ба аудити ниҳодҳои умдаи молии худ ризоият дода буд. Вале моҷарои марбут ба аудити Бонки Миллии Тоҷикистон сабаб гашт, ки натиҷаҳои аудити ширкати "Барқи Тоҷик" пинҳон бимонанд.
XS
SM
MD
LG