Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Интерпол ҳабси Қурманбек Боқиевро хостааст


Ҳукумати муваққати Қирғизистон расман аз полиси байнулмилал Интерпол дархост кард, дар муайян кардани макон ва ҳабси президенти барканоршудаи Қирғизистон Қурманбек Боқиев кӯмак кунад. Намояндаи Ҳукумати муваққати Қирғизистон ба хабарнигорон дар Бишкек гуфт, ҳоло дар куҷо будани Боқиев ва наздикони ӯ номаълум аст. Дирӯз сафорати Туркия дар Қирғизистон эълом кард, ки Боқиев дар Туркия нест. Инчунин хабарҳое паҳн шудааст, ки бархе аз наздикони Боқиев дар Тоҷикистон паноҳгоҳ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG