Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ихроҷи нафт аз баҳрро мутаваққиф мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, мехоҳад барои ихроҷи нафт аз қаъри баҳр барои шаш моҳ мораторий эълон кунад. Дар ин бора дафтари раисиҷумҳури Амрико хабар дод ва афзуд, ки ҳама ҷузъиёти ин тарҳ имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Кохи сафед ироа хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки мораторий то хатми тафтиши сабабҳои тахриби чоҳи нафти ширкати "Бритиш Петролеум" дар қаъри халиҷи Мексик идома хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол имрӯз ширкати “Бритиш Петролеум” рехтани маҳлули махсуси сементдор ба хотири маҳкам кардани чоҳи тахрибшуда дар қаъри халиҷи Мексикаро шурӯъ кард. Тони Ҳейвард, як тан аз раҳбарони ширкат гуфт, резиши маҳлул 24 соат идома хоҳад кард ва фақат баъд аз он маълум хоҳад шуд, ки ин амал натиҷае додааст ё на. Мутахассисон мегӯянд, ки бастани чоҳ дар қаъри баҳр аз ин роҳ бори аввал дар таърих таҷриба мешавад.
Бар асари ихроҷи нафт аз чоҳи тахрибшудаи ширкати “Бритиш петролеум” миқдори бузурги нафти хом ба обҳои халиҷи Мексика рехтааст.
XS
SM
MD
LG