Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши НАТО ба вагонҳои бандшуда дар Узбакистон


Нирӯҳои таҳти фармони паймони низомии НАТО дар Афғонистон мегӯянд, ки дар пайи қатъ шудани транзити вагонҳо ба вилояти Хатлони Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон шояд бархе масирҳои таъминотии худро бознигарӣ кунанд.
Сухангӯи ISAF Гоетз Ҳасске ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, бархе вагонҳои ҳомили молҳои таъминотии НАТО ба далели “танишҳои давомдори сиёсӣ дар минтақа” мутаваққиф шудаанд. НАТО бархе молҳои ғайриҷангӣ, аз ҷумла маводи сӯхту хӯрока ба манзури таъмини нирӯҳояш дар Афғонистонро тавассути Осиёи Марказӣ мерасонд.
Сухангӯи сафорати Амрико дар Душанбе низ гуфт, ки онҳо ҷараёни қазияи банд шудани вагонҳо дар қаламрави Узбакистонро ботаваҷҷӯҳ пайгирӣ доранд.
Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон имрӯз гуфт, ки Узбакистон монеъи транзити садҳо вагони ҳомили борҳои марбут ба таъмини нирӯҳои паймони низомии НАТО дар Афғонистон шудааст. Владимир Собкалов, муовини раиси ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт: “132 вагони ҳомили маводи сӯхти реактивӣ дар онҷо банд шудааст. Аз анвоъи дигари маводи сӯхт 230 вагон масдуд аст. Дар маҷмӯъ 300 вагон мешавад.”
Ба ҳисоби оқои Собкалов, то имрӯз дар Узбакистон тақрибан 300 вагони марбут ба нирӯҳои НАТО банд шудааст. Қазияи вагонҳо миёни Душанбеву Тошканд 3 моҳ боз идома дорад. Тоҷикистон ҷамъи вагонҳои ҷамъшудааш дар кишвари ҳамсояро ҳудуди 2500 баровард мекунад.
XS
SM
MD
LG