Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Ҳарирӣ масъалаҳои Ховари Миёна ва Эронро баҳс карданд


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва сарвазири Лубнон Саъд Ҳарирӣ дар Вашингтон раванди сулҳи Ховари Миёна ва бархӯрд ба фаъолиятҳои ҳастаии Эронро баррасӣ карданд. Кохи Сафед мегӯяд, Обама ҳамчунин ба ширкати Амрико дар тақвияти истиқлолият ва ниҳодҳои демократии Лубнон таъкид намуд. Ҳукумати Обама тарҳи таҳримҳои нави зидди Эронро ҳафтаи гузашта ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кард ва ин ҳам дар ҳоле ки Лубнон феълан раиси даврии шӯрост. Лубнон ба ҳимоят аз таҳримҳои нав талош нишон намедиҳад.
XS
SM
MD
LG