Мақомоти Туркманистон ба қаламрави ин кишвар ворид шудани хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ Алламурод Раҳимовро иҷозат надоданд. Алламурод Раҳимов аз соли 2003 ба ин сӯ дар маркази Радиои Озодӣ дар Прага кор мекунад ва шаҳрвандии Канадаро дорад. Ӯ бо даъвати аҳли хонаводааш расман ҳаққи раводид ба Туркманистонро аз сафорати он кишвар дар Вена дарёфт карда буд ва азбаскӣ 11 сол боз дар ватан набуд, мехост рухсатиашро дар зодгоҳи худ-вилояти Марви Туркманистон гузаронад. Аммо мақомот ӯро рӯзи 19 май аз фурудгоҳи Ишқобод пас гардонданд. Алламурод Раҳимов мутмаин аст, ки далели аслии чунин амал ба фаъолияти хабарнигорииӯ дар Радиои Озодӣ бастагӣ дорад.