Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон лулаи гази Шарқ-Ғарбро худаш сохтанист


Туркманистон мегӯяд, барои бунёди хати лулаи гази барномарезишуда, ки арзиши он 1,5 миллард долларро ташкил медиҳад, захираҳои молии худро истифода хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки сармоягузорони хориҷӣ низ мехоҳанд дар ин тарҳ саҳм бигиранд. Дар ин бора рӯзномаи "Туркманистони бетараф" дар шумораи имрӯзи худ гуфтаҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишварро иқтибос овардааст. Вай гуфтааст: "Мо дар ояндаи наздик сохтмони лулаи гази Шарқ-Ғарбро бо такя ба сарчашмаҳои молии худ шурӯъ мекунем". Ин рӯзнома навиштааст, Бердимуҳаммадов дастуреро имзо кардааст ва ба ширкати энержии Туркменгаз пешниҳод кардааст, ки тарҳи сохтмони ин лулаи газро бо ғунҷоиши 30 миллиард метри муккааб интиқоли газ дар сол омода кунад.
XS
SM
MD
LG