Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико таҳримҳои худро аз се ширкати Русия бардошт


Давлати Обама таҳримҳоро бар зидди 3 ширкати Русия аз миён бардошт. Вошингтон ин ширкатҳоро муттаҳам карда буд, ки ба Эрон дар иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ кӯмак мекунанд. Бино ба хабари вазорати хориҷаи Амрико, ин се ширкат Донишгоҳи таҷҳизоти кимёвии Дмитрий Менделеев, Донишгоҳи ҳавоии Маскав ва Рособоронэкспорт мебошанд. Рособоронэкспорт аслан бо тиҷорати аслиҳа машғул аст. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, бардоштани таҳримҳои зидди ин се ширкати Русия бад-он маъно нахоҳад буд, ки акнун Амрико мехоҳад барои таҳримҳои изофии зидди Эрон бад-ин тариқ ризояти Русияро ба даст орад. Баръакс, сабаб ин аст, ки Русия аз баъзе қарордодҳои таслиҳотӣ бо Эрон худдорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG