Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи нӯҳ ҷасад дар ибодатгоҳи буддоиҳо


Дар як ибодатгоҳи буддоиҳо дар маркази шаҳри Бангкок, пойтахти Таиланд, шоми дирӯз ҷасади нӯҳ нафар ошкор шуд. Ибодатгоҳ дар наздикиҳои қароргоҳи пешини мухолифин ҷойгир аст. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки бар асари парокандасозии намоишҳои мухолифин аз сӯи нерӯҳои амниятӣ, ҳадди аққал панҷ нафар, аз ҷумла, як хабарнигори итолиёвӣ, кушта шудаанд. Дар ин ҳодиса даҳҳо нафар, аз ҷумла, чанд шаҳрванди хориҷӣ ҷароҳат бардоштанд. Дар пойтахт қуюди шабгардӣ ва дар беш аз 20 вилояти Таиланд вазъи фавқулодда эълон шудааст. Раҳбарони мухолифин баъд аз шурӯъи амалиёти нерӯҳои амниятӣ аз ҷонибдоронашон даъват карданд, ки пароканда шаванд. Мақомоти расмӣ хабар доданд, ки эътирозгарон як маркази тиҷоратӣ, биржа ва чанд бонкро ба оташ кашиданд.
“Сурхпироҳанҳо”-и ҷонибдори сарвазири собиқ Таксин Шиноват аз авоили моҳи апрел ба ин сӯ истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумониро талаб мекарданд.
Сарвазири Таиланд Абсихит Ветчичава дирӯз аз тариқи телевизион изҳор намуд, ки ҳукумат барои барқарорсозии назму суботи комил дар кишвар тасмим гирифтааст.
XS
SM
MD
LG