Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

36 нафар таблиғиён дар Хатлон маҳкум ба зиндон шуданд


Додгоҳи вилояти Хатлон барои узвият дар созмони ғайриқонунии "Ҷамоати таблиғ" ҳукми худро барои 36 нафар содир кард. Онҳо барои даъват ба тағири низоми идорӣ дар кишвар гунаҳгор дониста шудаанд. 6 нафари онҳо 6 сол, 8 нафар 5 сол, 15 нафар 3 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. 4 нафари дигар ҷарима шудаанд. Дар аволили соли ҷорӣ низ Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи 56 нафар узви "Ҷамоати таблиғ"-ро баррасӣ ва 23 нафари онҳоро маҳкум ба зиндон карда буд. Дар Тоҷикистон дар бораи "Ҷамоати таблиғ" назарҳо яксон нестанд ва ҳукми додгоҳи Хатлон дуруст дар рӯзе содир шудааст, ки дар Душанбе иҷлоси 37-ӯми Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи Созмони Конфронси Исломӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG