Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷороев ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд


Канибек Ҷороев, раиси дастгоҳи раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, аз маҳбас раҳо шуд ва таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифт. Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар бораи ҳабси хонагии яке аз атрофиёни Боқиев ахиран додгоҳи шаҳри Бишкек ҳукм содир кард.
Ҷороев аз моҳи октябри соли гузашта то рӯзи 7 апрел, то рӯзи тазоҳуроти мардумӣ, ки зимни саркӯб кардани он 87 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд, раҳбарии дафтари раёсатҷумҳуриро бар ӯҳда дошт. Ӯ рӯзи 29 апрел дастгир ва ба боздоштгоҳи хадамоти амнияти миллӣ интиқол дода шуда буд. Канибек Ҷороев расман дар сӯиистифода аз мақом айбдор мешавад.
Рӯзи душанбе раҳбари пешини котиботи раёсатҷумҳурӣ Оксана Малеванная низ аз маҳбас озод шуд ва ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG